ABNA24 : Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо бемории куруно, бо ишора ба таблиғоти сӯи расонаҳои бегона алайҳи иқдомоти кишвар дар заминаи муқобила бо куруно гуфт, ҳар қадаме, ки Эрон дар заминаи мубориза бо куруно анҷом медиҳад, расонаҳои бегона баҳона ва достон дуруст мекунанд.
Рӯҳонӣ бо баёни инки Амрико дар шароити куруно, иҷозаи вуруди дору ба Эронро намедиҳад афзуд, расонаҳои хориҷӣ якбор ҳам матраҳ накарданд, ки Амрико ҷиноят карда, давлат ва миллати Эрон таҳти фишори золимона ва но ба ҳаққ қарор доранд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки "мо вирусро қатъан шикаст медиҳем" тасреҳ кард, имрӯз фарогирии илм ва дониш дар Эрон бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ, оғоз шуд ва омӯзиш дар кишвар дар сахттарин шароит ҳаргиз таътил нахоҳад шуд.
342/